Душанбе мизбони намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ
Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ рӯзҳои 21 то 24 декабри имсол ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба нақл аз Форс, бо ҳимояти давлат ва утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон рӯзҳои 21 то 24 декабри соли равон дар маҳалли Кохи Борбади шаҳри Душанбе Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ баргузор мешавад.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳо ва фаолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои тавлидӣ, саноати ғизоӣ, беҳдошт ва дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, гилем ва лавозими хона ва гардишгарӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Илова бар ин тоҷирон, сармоягузорон ва ширкатҳои эронӣ ва тоҷик дар чорчуби ин намоишгоҳ фурсати хубе барои баррасии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт. Охирин Намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2017 бо ширкати беш аз 20 ширкати Эрон баргузор шуда буд.