Декабр 17, 2019 10:05 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон аз симати худ канорагирӣ кард.

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон дар ҷаласаи ин ҳизб, ки бо ҳадафи ироаи рӯйхати довталабон барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 баргузор шуд, аз мақоми худ истеъфо кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Олимҷон Бобоев гуфтааст, ки аз сиёсат канорагирӣ мекунад ва дар интихоботи парлумонии соли оянда низ ширкат намекунад, то роҳ барои мушорикати насли ҷавон фароҳам шавад.

Дар ин нишаст Рустам Қудратов муовини Бобоев ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ба раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шуд.

Олимҷон Бобоев куҳулати синну солро далели истеъфои худ эълом кард.

Вай муассисис ин ҳизб дар соли 2005 буд ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳам тавонист 3 нафарро вориди Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон кунад.

Дар нишасти ҳизбии рӯзи душанбе 15 декабри имсол 7 нафар ба унвони довталаб барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 Тоҷикистон ба намояндагӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳавзаи воҳиди ҳизбҳои сиёсии ин кишвар муаррифӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон 20 ҳазор узв дорад.

Барчасп