Содироти 71 дарсадии Эрон ба Тоҷикистон аз Хуросони Разавӣ
71 дарсади содироти Эрон ба Тоҷикистон аз Хуросони Разавӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, раиси Идораи бозаргонии хориҷии Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ гуфт, порсол кулли содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон 78 миллион доллар буд, ки аз ин мизон 55 миллион доллар коло аз Хуросони Разавӣ ба он кишвар содир шуд.
Муҳаммадалӣ Амирфахриён идома дод, умдаи колои содиротии Эрон ба кишвари Тоҷикистон шомили полиэтилен, хлору винил, рангу резин, дору, шӯяндаҳо, лӯла ва шиланг, масолеҳи сохтмонӣ, ширинӣ ва шоколот, нахҳои матанаввеъ ва умдаи ақломи воридотӣ аз он кишвар: маводи аввалия ва воситае барои бахши тавлид монанди пахта, пилаи кирми абрешим, нахҳои пахтагӣ, коғаз ва муқова аст.
Раиси Идораи бозаргонии хориҷии Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ гуфт, Тоҷикистон ба далели қаробати фарҳангӣ ва таърихӣ бо Эрон ва ҳамчунин ҳамзабонӣ бо мардуми кишвар, бистари муносибе барои тавсеаи муровидоти иқтисодӣ, пазириши гардишгар, ба вижа гардишгари саломат дорад.
Амирфахриён афзуд, панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ аз 30 озармоҳ то севуми даймоҳи имсол дар Душанбе, пойтахти кишвари Тоҷикистон бо меҳварияти фаъолони бахши хусусии Хуросони Разавӣ барпо мешавад.
Вай идома дод, 41 ширкати эронӣ дар заминаҳои саноеи ғизоӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ, бахшҳои мухталифи тавлидӣ, мошинолоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд, ки бештари онҳо аз Хуросони Разавӣ ҳастанд.
Амирфахриён афзуд, яке аз мушкилоти тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон, надоштани шинохт ва ошноии содиркунандагон бо системаи тиҷорӣ ва қавонину муқаррароти он кишвар аст, ки ба ҳамин манзур моҳи гузашта ҳамоише дар Созмони санъати устон бо ҳадафи афзоиши шинохти тоҷирон аз ин бозор ва ошноӣ бо қавонин ва муқаррароти кишвари Тоҷикистон бо ҳузури сафири Эрон дар он кишвар баргузор шуд.
Тоҷикистон чаҳорумин ҳадафи содиротии устони Хуросони Разавӣ баъд аз Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ маҳсуб мешавад.