Декабр 18, 2019 21:54 Asia/Dushanbe
  • Даргирии ҳудуди 200 нафар дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сокинони Қирғизистон ва Тоҷикистон дар марз ба якдигар санг партоб карданд.

Ба гузориши “Спутник”, имрӯз субҳ дар рустои Куктоши Қирғизистон даргирии лафзӣ байни шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон рух дод, ки ба ҷанг табдил шуд.

Ҳудуди 80 шаҳрванди Қирғизистон ва 100 шаҳрванди Тоҷикистон шуруъ ба партоби санг ба якдигар карданд. Ҳамон тавр, ки дар ин бахш мушаххас шудааст, намояндагони марзӣ, руасои идороти минтақаӣ ва мақомоти иҷрои қонуни ду кишвар ба суръат вориди саҳна ва муваффақ ба ором кардани мардум шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ дар Исфара, муноқишаи марзӣ суҳби имрӯз дар марзи миёни деҳаҳои Сомониёни Исфара ва КукТоши Бодканд рух додааст. Манобеи хабарӣ мегуянд, панҷ сокини деҳаи Сомониёни Исфара аз сӯи як гурӯҳ сокинони деҳаи КукТоши Қирғизистон мавриди латукӯб қарор гирифта, аз бардоштани ҷароҳат ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Зубайдулло Шомадов, сокини шаҳри Исфара ва нафари огоҳ аз рухдоди муноқишаи ахири марзӣ гуфтааст, ки дар паи ҳодисаи рӯзи 18-уми декабр панҷ сокини Исфара ва Содиқбой Набиев, имомхотиби масҷиди деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва хонандаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64 -и ин ҷамоат осеб дидаанд.

Бахши марзии давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон мураттабан ба маҳалли даргирӣ байни мардуми маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил мешавад. Далели аслии ин даргириҳо, номушаххас будани манотиқи марзӣ байни ду кишвар аст, ки маълум нест марз дар куҷо қарор дорад.

 

 

Барчасп