Декабр 19, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Зиёновар будани корхонаҳои тавлидии фаъол дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз зиёновар будани корхонаҳои тавлидии фаъол дар ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, мақомоти Ожонси давлатии омори Тоҷикистон гуфтанд ; мизони қарзи корхонаҳо ва марказҳои тавлидии тоҷикистон дар 10 моҳи имсол ба 65 миллиард сомонӣ муодили ( 6 миллиарду 700 миллион доллар ) расидааст.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард ; ниме аз ин мизон қарз мутаалиқ ба ширкати давлатии Барқи тоҷик, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва корхонаи Алюминии Тоҷикистон аст.

 Бештари корхонаҳои зиёновар дар Тоҷикистон дар бахшҳои санойеъ, тиҷорат ва сахтмонсозӣ фаъолият мекунанд.

Аммо қарздортарин ширкати давлатӣ дар Тоҷикистон ширкати Барқи тоҷик бо қарзи 23 миллиарду 100 миллион сомонӣ муодили ( 2 миллиарду 400 миллион доллар ) аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дастури бахшудагии қисмате аз қарзи бархе аз ин марказҳоро содир кардааст,ки бояд Вазоратхонаҳои рушди иқтисод ва тиҷорат ва молияи кишвар ин мавзуъро баррасӣ кунанд.

Барчасп