Мушкилоти камбуди доллар дар муъомилоти арзии Тоҷикистон
(last modified 2019-12-19T07:36:22+00:00 )
Декабр 19, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти камбуди доллар дар муъомилоти арзии Тоҷикистон

Камбуди доллар дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти фаъолони иқтисодии ин кишвар аст.

Ба нақл аз хабаргузории Авесто, хабарнигорони ин сомона барои хариди доллар ба 8 Бонки тиҷорӣ ва муасисоти молӣ ва эътибории шаҳри Душанбе муроҷиъа карданд,ки дар тамомии ин марказҳо барои фуруши доллар надоштанд.

Ин дар ҳоле аст,ки фаъолони бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз камбуди доллар дар Бонкҳои тиҷорӣ ва марказҳои муҷози молии ин кишвар гилояманд ҳастанд,ба гуфтаи онон камбуди доллар боиси эҷоди сафҳои тулонӣ дар Бонкҳои тиҷорӣ шуда ва ин Бонкҳо фақат то 200 доллар ба онҳо пардохт мекунанд,ки ин амр боиси бурузи мушкилоте барои воридкунандагони маҳсулот ва донишҷуёни муҳасил дар хориҷ шудааст.

Аммо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон,иллати умдаи камбуди доллар дар ин кишварро тавозуни манфии содирот нисбат ба воридот эълом мекунанд.

Ҳамакнун гузориши ин ниҳоди молӣ аз оғози имсол то кунун Тоҷикистон 1 миллиарду72 миллион доллар содирот ва 2 миллиарду 997 миллиону 800 ҳазор доллар воридот доштааст.

Ҳамакнун нархи ҳар доллар дар Бонкҳои тиҷорӣ ва муасисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон 9 сомониву 70 дирам эълом шуда,ки дар муомилоти озод ин шохис аз 10 сомонӣ бештар аст.

Барчасп