Боздошти 4 нафар ба иттиҳоми ҳамла ба мудири ширкати чинӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 21 Dec 2019 05:46:12 GMT )
Декабр 21, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 4 нафар ба иттиҳоми ҳамла ба мудири ширкати чинӣ дар Тоҷикистон

4 нафар ба иттиҳоми ҳамла ба мудири ширкати чинӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти 4 табаъаи ин кишвар ба иттиҳоми ҳамла ва ғорати амволи мудири ширкати чинӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ин 4 нафар бо ҳамлаи шабона , таҳдид ба қатл ва зургирӣ маблағи 340 ҳазор сомонӣро аз  Ҳон Вин НИн мудири ширкати тавлиди хишт дар ноҳияи Рӯдакӣ,ки табаъаи кишвари Чин аст сирқат карданд.

Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин иртибот 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла 2 бародар аз шаҳри Кулоб, як сокини ноҳияи марзии Панҷ ва як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷурм боздошт шудаанд.

Мудири ширкати чинии тавлиди хишт дар Тоҷикистон бо шиносоии ин афрод гуфт ; ин афрод бо бастани вай ба сутун ва таҳдид бо корд, сефи корхонаро шикастанд ва 340 ҳазор сомониро дуздиданд.

Гуфта мешавад,ки фарде бо номи  Сафаралӣ Бозоров саркардаи ин гурӯҳи 4 нафара аст,ки солҳои пеш дар Русия ба иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ ба зиндон маҳкум шуда буд. Акнун алайҳи ин 4 нафар парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.