Боздошти даҳҳо зан дар Душанбе ба далели доштани ҳиҷоб
Гурӯҳи муштараки пулис ва кормандони Кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даҳҳо зани муҳаҷабаро боздошт кард.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, иллати боздошти ин бонувон нақзи қонуни танзими ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон эълом шудааст.
Гуфта мешавад,ки пас аз гуфтугу бо ин бонувон ва тафҳими ин нуқта,ки навъи пушиши онон муғойир бо русум ва фарҳанги миллии тоҷикон аст, ин афрод аз боздошт озод шудаанд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон муддаъӣ ҳастанд,ки гурӯҳҳои муштараки гашти пулис ва кормандони Кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи ин кишвар бонувони муҳаҷабаро фақат барои ёдоварии ин нуқта,ки навъи ҳиҷоби онон муғойир бо русум ва фарҳанги миллии тоҷикон аст, боздошт ва пас аз тавҷия онҳо озод мекунанд.
Ин дар ҳоле аст,ки дар идораҳо ва созмонҳои давлатӣ, марказҳои дармонӣ ва омӯзишӣ ва ҳатто тиҷорӣ вуруди бонувон бо пушиши исломӣ мамнуъ аст.
Шоёни зикр аст,ки ҳафтаи гузашта хонуми Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб узви аршади зиндонии Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ ва хоҳари Шуҳрати Раҳматуллоҳ рӯзноманигори тоҷики муқими Олмон,ки ба далели доштани пушиши исломӣ боздошт ва аз суи кормандони пулис мавриди иҳонат қарор гирифт,ба иллати ин рафтори тавҳиномези пулис ба додситони кули Тоҷикистон шикоят кард,ки додситон Ӯро ба иттиҳоми тавҳин ба кормандони давлат ба пардохти 550 сомонӣ ҷарима кард.
Вай гуфт,ки аз хушунат ва бадрафтории нерӯҳои пулис ва кормандони кумитаи давлатии умури занон ва хонавода шокӣ буд, ба ин миқдор ҷаримаи молӣ маҳкум шуд.