Оғози кишти токистони нав бо ҳузури раиси ҷумҳуи Тоҷикистон дар Хатлон
Ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон ниҳолкории токистони наве дар ноҳияи Хуросон оғоз шуд.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин боғи ангур дар замине ба масоҳати 150 гегтар эҷод мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кишти ин токистон гуфт, ки ин иқдом муҷиби афзоиши содироти ин маҳсули кишоварзӣ ба хориҷ хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар ин боғи нав 10 намуд ангур аз ҷумла ҳусайнӣ, тоифӣ, шоҳона ва зарифӣ парвариш хоҳад ёфт, ки бар асоси таҳқиқоти коршиносони кишоварзӣ бо шароити ноҳияи Хуросон мутобиқ аст.
Ба гуфтаи Раҳмон бо иҷрои ин тарҳи кишоварзӣ, барои 150 нафар аз сокинони ноҳияи Хуросон шуғли доим фароҳам хоҳад шуд.
Ҳамчунин барои нигаҳдории маҳсули ин боғ ва фароҳамсозии имкони содироти он ба хориҷ сардхонае ба вусъати як гегтар сохта хоҳад шуд.
Коршиносони кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақиданд,ки то 4 соли оянда аз ин токистон имкони бардошти 5 ҳазор тонна ангур фароҳам хоҳад шуд.
Мақомоти вилояти Хатлон эълом кардаанд, ки тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа имсол 13 миллиарду 400 миллион сомонӣ арзиш доштааст.