Коҳиши 84 миллиондолларии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Mon, 23 Dec 2019 14:36:55 GMT )
Декабр 23, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 84 миллиондолларии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Маркази матбуоти вазорати тиҷорати Туркия аз коҳиши 84 миллиондолларии гардиши молӣ бо Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷории милодӣ хабар дод.

Ба гузориши Форс, маркази матбуоти вазорати тиҷорати Туркия аз коҳиши қобили таваҷҷӯҳи мубодилаи тиҷории ин кишвар ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ то октябри соли ҷорӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта хабар дод.

Бинобар ин гузориш, дар моҳи октябри соли ҷории милодӣ содироти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон 10.725 миллион доллар ва воридоти колоҳои тоҷикӣ ба ин кишвар 6.204 миллион долларро ташкил дода, ки дар муқоиса бо соли гузашта 8.196 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Гардиши молӣ миёни ду кишвар дар моҳҳои январ то октябр соли 2019 милодӣ низ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2018 ба арзиши 84.294 миллиондоллар коҳиш ва 228.878 миллиондоллар баровард шудааст. Дар моҳҳои мазкури соли ҷории милодӣ Туркия ба Тоҷикистон 119.955 миллион доллар маҳсулот содир ва аз Тоҷикистон ба ин кишвар 108.923 миллион доллар коло ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки тиҷорати хориҷии Туркия дар моҳи октябри соли ҷори милодӣ 34.515 миллиарддоллар баровард шудааст. Содироти маҳсулоти Туркия дар ин муддат дар муқоиса бо октябри соли гузашта бо 1.53 дарсад коҳиш 16.336 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ воридоти коло ба Туркия дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта бо 10.79 дарсад афзоиш 18.179 миллиард доллар баровард шудааст. Дар моҳҳои январ то октябри соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Туркия 320.912 миллиард долларро ташкил додааст.