Декабр 23, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ва Путин бар зарурати тақвияти марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар ҳошияи нишасти ғайри расмии сарони Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин дидор маҷмӯи масоили муҳимми ҳамкории стратегии ду кишвар ва мавзӯоти марбут ба вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт. Иҷрои иқдомот дар заминаи ҳалу фасли масоили марбут ба муҳоҷирати корӣ, бавижа афви муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки дар ин мулоқот мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи марбут ба таҷҳизи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо таҷҳизот модерни низомии Русия тибқи барномаҳои пазируфта шуда, баррасӣ шуд.

Тарафайн зимни баҳсу гуфтугӯ дар мавриди вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ бо ишора ба вазъияти нигаронкунандаи  Афғонистон бар зарурати муҳофизат аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид карданд. Дар ин дидор ҳамчунин соири масоили мавриди алоқаи ду тараф баҳсу баррасӣ шуд.

 

Барчасп