Декабр 23, 2019 20:59 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси

Муҷтамаи "Фӯлоди Хуросон", ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи фӯлод дар шарқи Эрон, бо ҳадафи муаррифии тавонмандиҳои худ дар заминаи тавлид ва содироти фӯлод дар ин намоишгоҳ бо доир кардани ғурфа, ҳузури фаъол дорад.

Раиси «Ориёнбонк» аз ғурфаи «Фӯлоди Хуросон», дар намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боздид кард.

Ин боздиди Ҳасан Асадуллозода, мудири «Ориёнбанк» бо ҳузури Собирӣ, сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳӣ теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз бозаргонони кишвари мизбон анҷом шуд, мудири содироти Фӯлоди Хуросон тавзеҳоти комиле дар бораи зарфияти тавлид ва кайфияти маҳсулот, тавонмандиҳои фурӯш ва содирот, бавижа қобилияти баҳрагирӣ аз новгони таробарии рейлӣ барои содироти маҳсулоти ширкат ба кишварҳои Осиёи Миёна ба боздидкунандагон ироа кард.

Ин намоишгоҳ, ки аз 30 озар гушоиш ёфтааст, ба муддати 4 рӯз барпост ва садҳо ширкати тавлидӣ ва иқтисодии Эрон дар он, тавонмандиҳои худ ва қобилиятҳои тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Миёнаро муаррифӣ мекунанд.

 

Барчасп