Декабр 24, 2019 09:33 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти Русия барои кумак ба Тоҷикистон барои муқобила бо гуруҳҳои террористӣ

Низомиёни русӣ дар сурате, ки гуруҳҳои террористӣ қасди вуруд ба хоки Тоҷикистонро дошта бошанд барои муқобила бо онҳо ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба нақл аз Спутник, коршиноси умури низомии Русия муътақид аст, ки агар гуруҳҳои терроритсӣ дар шимоли Афғонистон қасди вуруд ба хоки Тоҷикистонро дошта бошанд низомиёни русӣ барои муқобила бо онҳо ба марзбонони тоҷик кумак мекунанд. Алекси Люнаков бо ишора ба эҳтимоли таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон гуфт, бар асоси тавофуқномаи имзошуда миёни сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар сурати ба вуҷуд омадани ҳар навъ буҳрон дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон низомиёни русии мустақар дар пойгоҳи 201 вокуниш нишон медиҳанд.

Вай мегуяд, ки Амрико ба баҳонаи коҳиши низомиёни худ дар Афғонистон метавонад таҷҳизоти зиреҳӣ ва таслиҳоташро дар ихтиёри гуруҳҳои террористӣ қарор диҳад, зеро амрикоиҳо ин корро дар Сурия ва Ироқ карданд ва таслиҳот ва таҷҳизоти низомии худро дар ихтиёри гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти худ қарор доданд.

Ба гуфтаи Алекси Люнаков ба ин далел Русия системи зидди мушакии С-300-ро дар Тоҷикистон мустақар кард ва пойгоҳи 201 низ бо паҳподҳо, таҷҳизоти радарӣ, зиреҳӣ ва таслиҳоти пешрафта тақвият шуд.

Барчасп