Мувофиқати додгоҳи низомии Душанбе бо пардохти ғаромат ба хонаводаи Комил Хоҷаназаров
(last modified Tue, 24 Dec 2019 05:09:20 GMT )
Декабр 24, 2019 10:09 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати додгоҳи низомии Душанбе бо пардохти ғаромат ба хонаводаи Комил Хоҷаназаров

Додгоҳи низомии Душанбе бо пардохти ғаромати молӣ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ (600 доллар) барои сокини 31 солаи ноҳияи Ашт, ки бар асари шиканҷа ва хушунат 3 корманди интизомӣ ва амниятӣ худкушӣ карда буд мувофиқат кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Эътилофи муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон, вакилони мудофеъи Комил Хоҷаназаров, ки бар асари шиканҷа худкушӣ кардааст, хостори пардохти маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба хонаводаи вай шудаанд, ки додгоҳ танҳо бо малағи 6 ҳазор сомонӣ мувофиқат кардааст. Аз ин ру вакилони мудофеи ин хонавода бо эътироз ба ҳукми додгоҳи низомии шаҳри Душанбе эълом кардаанд, ки алайҳи ин ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд кард.

Хоҷаназаров қабл аз худкушӣ бо интишори як навори савтӣ дар интернет, иллати худкушии худро шиканҷа ва озору азият эълом карда буд. Пас аз интишори ин навор, қабри Комил Хоҷаназаров нешу ҷасади ӯ колбудшикофӣ ва осори шиканҷа ошкор шуд.

Додгоҳи низомии вилояти Суғд се афсари корманди интизомӣ ва амниятии ин минтақаро ба иттиҳоми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров ба 13 ва 12 сол зиндон маҳкум карда буд.

Ин ашхос пас аз озодӣ аз ҳақи фаолият дар идораҳои интизомӣ ва амниятӣ маҳрум шудаанд.