Тиҷорати хориҷии 3.15 миллиард долларии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49377-Тиҷорати_хориҷии_3.15_миллиард_долларии_Тоҷикистон
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун ба 3 миллиарду 158 миллион доллар расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 24, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии 3.15 миллиард долларии Тоҷикистон

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун ба 3 миллиарду 158 миллион доллар расид.

Ба нақл аз Анатолӣ, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли пеш 31.6 миллион доллар афзоиш доштааст.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 102 кишвар табодули тиҷорӣ доштааст.

Ҳамчунин арзиши содирот ва воридоти Тоҷикистон ба тартиб 768.3 миллион доллару 2 миллиарду 390 миллион доллар будааст.

Тоҷикистон аз оғози имсол як миллиарду 621 миллион доллар касрии трози тиҷорӣ доштааст.

Алминиюм ва пахта бештарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ин муддат будааст.

Русия, Қазоқистон ва Чин низ бузургтарин шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳастанд.