Декабр 25, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳқиқи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар бораи бархурдҳои зиддиҳиҷоб дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи вақоеи ахире, ки алайҳи занони боҳиҷоб дар шаҳри Душанбе рӯй дода, таҳқиқотро оғоз кардааст.

Ба гузориши “Ахбор”, қарор аст дар ин иртибот аз сарҳанг Мушриф Истамзода, муовини раиси полиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва яке аз мазнунони аслии ин парванда бозҷӯӣ шавад.

Дар рӯзи нахусти баррасиҳо Нилуфар Раҷабова ва модараш Валамат Иброҳимзода, ки шокиёни парванда ҳастанд, барои посух ба бархе пурсишҳо ба бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати дохилии Тоҷикистон даъват шуданд.

Кормандони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати дохилии Тоҷикистон ба ин афрод эълом кардаанд, ки натиҷаи ниҳоии таҳқиқотро аз тариқи нома ба иттилои онон хоҳанд расонд.

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви баландпояи зиндонии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматуллоҳ рӯзи 14 декабр ҳамроҳи чанд бонуи муҳаҷҷабаи дигар ба иҷбор ба идораи полиси Синои шаҳри Душанбе интиқол ёфтанд.

Нилуфар Раҷабова муддаӣ шудааст, ки Истамзода ва ҳамкоронаш ба онҳо ба далели ҳиҷобашон иҳонат кардаанд.

 

Барчасп