Афзоиши 134 ҳазортоннии истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49421-Афзоиши_134_ҳазортоннии_истихроҷи_ангиштсанг_дар_Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи истихроҷи ангиштсанг дар муқоиса бо соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 134 ҳазортоннии истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи истихроҷи ангиштсанг дар муқоиса бо соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, аз авоили имсол дар кишвар беш аз 2 миллион тон ангиштсанг истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 –и мелодӣ 134 ҳазор тон бештар аст.

Дар Тоҷикистон ширкатҳои Фон - Яғноб, корхонаи металлургии Тоҷикистон , Талкосурс 84 дарсад аз мизони ангиштсанг дар ин кишварро истихроҷ мекунанд.

Ин ширкатҳо ва дигар ниҳодҳои тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон дар соли ҷории мелодӣ таҷҳизоте ба арзиши 56.4 миллион сомонӣ барои истихроҷи ангиштсанг ворид кардаанд.