Афзоиши 134 ҳазортоннии истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон
Декабр 25, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи истихроҷи ангиштсанг дар муқоиса бо соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.
Ба гузориши “Форс”, аз авоили имсол дар кишвар беш аз 2 миллион тон ангиштсанг истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 –и мелодӣ 134 ҳазор тон бештар аст.
Дар Тоҷикистон ширкатҳои Фон - Яғноб, корхонаи металлургии Тоҷикистон , Талкосурс 84 дарсад аз мизони ангиштсанг дар ин кишварро истихроҷ мекунанд.
Ин ширкатҳо ва дигар ниҳодҳои тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон дар соли ҷории мелодӣ таҷҳизоте ба арзиши 56.4 миллион сомонӣ барои истихроҷи ангиштсанг ворид кардаанд.
Барчасп