Истиқбол аз ҳузури “Бимаи Сармад” дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Dec 2019 14:35:48 GMT )
Декабр 25, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз ҳузури “Бимаи Сармад” дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон

Дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон аз ғурфаи “Бимаи Сармад” истиқбол шуд.

Ба гузориши “Тиҷорат онлайн”, “Бимаи Сармад” ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, шиносоии бозори ҳадаф байни Эрон ва Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои худ бо шарикони тиҷории ин кишвар, дар панҷумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҳузур ёфт.

Ғурфаи ин ширкат дар намоишгоҳи мазкур бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо бо тоҷирони кишвари Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба пайванди амиқе, ки байни миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон ба лиҳози забон, хусусиёти фарҳангӣ, адабиёт ва пешинаи таърихии муштарак вуҷуд дорад, бо истиқболи боздидкунандагон рӯ ба рӯ шуд.

Дар ҳошияи ин намоишгоҳ ғурфаи “Бимаи Сармад” мизбони масъулони аршади кишварҳои Эрон ва Тоҷикистон буд ва дидорҳои муҳиме дар ин хусус баргузор шуд, ки метавон ба дидор бо нахуствазири Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологиҳои нави ин кишвар ва дастёри аввали вай, мушовири раисҷумҳур ва сухангӯи собиқи давлати Тоҷикистон, муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар ва сафири Эрон дар Тоҷикистон, устондори Хуросони Разавӣ ва ҷамъе аз фаъолини иқтисодии эронии муқими Тоҷикистон ишора кард.

Ҳамчунин нишасте низ бо ҳузури Маҷиди Ҳабибӣ, муовини фаннии бимаҳои ғайризиндагӣ дар маҳалли сафорат бо фаъолони иқтисодии муқими Тоҷикистон ва ширкаткунандагон дар намоишгоҳ, бо ҳузури сафири Эрон, устондори Хуросони Разавӣ, раиси “Кафолатбонк”-и Тоҷикистон, раиси Бонки тиҷорати Тоҷикистон ва раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Фаъолони иқтисодии муқими Тоҷикистон дар ин дидор мушкилоти худро матраҳ карданд ва роҳкорҳое аз сӯи муовини “Бимаи Сармад” ба манзури коҳиш ва ё рафъи мушкилоти мавҷуд ироа шуд.