Тоҷикистон то ду соли дигар сомонаи “С – 300” –и Русияро хоҳад дошт
Сомонаи мушакии “С – 300” –и Русия то 2 соли дигар ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.
Вазири дифои Русия эълом кард, 2 соли дигар, пас аз омӯзиши мутахассисон, Русия метавонад системаи мушакии зиддиҳавоии “С – 300” - ро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор диҳад.
Ба гузориши “Форс”, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия масъалаи интиқоли эҳтимолии системаи мушакии зиддиҳавоии ин кишвар ба нерӯҳои мусаллаҳи тоҷикро матраҳ кард.
Шойгу бо баёни ин ки зерсохтҳои низомӣ ва иҷтимоии пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷ ба таври фаъол дар ҳоли тавсеа қарор доранд, гуфт, дар соли ҷории мелодӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон сомонаи “С -300” мустақар шуд.
Вай афзуд, ин система пас аз омӯзиши мутахассисони тоҷик, баъд аз 2 сол метавонад дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дода шавад.
Шойгу ҳамчунин гуфт, Чин, Ҳинд, Миср, Алҷазоир ва Ветнам дар соли ҷории мелодӣ шарикони аслии Русия дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ буданд.
Вазири дифои Русия ҳамчунин афзуд, имсол тақвияти муносибот бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, Ҷомеаи Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкории Шанхай идома ёфт.
Сомонаи “С – 300”, ки шомили 30 қитъа таҷҳизот, аз ҷумла пости фармондеҳӣ, шабакаи нишонгирӣ, партобгарҳо, радар ва васоили нақлияи пуштибонӣ аст, аз анбори таҷҳизоти минтақаи маркази низомии Вазорати дифои Русия дар соли ҷории мелодӣ тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин сомонаи мушакии “С – 300” - и Русия дар марз бо Афғонистон аст.