Декабр 26, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ниҳодҳои байналмиллалӣ барои сармоягузорӣ дар сохти нерӯгоҳи Роғун

Ниҳодҳои байналмилаллӣ барои сармоягузорӣ дар сохти неругоҳи Роғун омодагӣ доранд.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, Файзиддин Қаҳорзода гуфт ; дар ин замина бо Бонки Рушди исломӣ ва Ниҳодҳои молии Иттиҳодияи Аврупо барои ҷазби сармоя машварат ва музокира кардааст.

Вай таъкид кардааст,ки аз суи Бонкҳо ва ниҳодҳои молии минтақаӣ ва байналмилаллӣ пешниҳодҳое шуда,ки бояд дар ин маврид, сармоягузорони басарфатарро интихоб кард.

Ин дар ҳоле аст,ки пештар Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд ,ки Ниҳодҳои молии минтақаӣ ва байналмиллалӣ алоқае барои мушорикат дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун надоранд.

Аз суи дигар ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст,ки дар тарҳи будҷаи соли 2020 ин кишвар 4  миллиарду 100миллион сомонӣ ( муодили 410 миллион доллар ) барои бахши энержӣ ихтисос хоҳад дод,ки бештари ин маблағ барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ҳазина хоҳад шуд ва ин дар ҳоле аст,ки дар будҷаи 2019 и давлати Тоҷикистон барои такмили сохти ин нерӯгоҳ 222 миллион доллар ихтисос дода шуда буд.

 Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард килловват соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ обии минтақа аст.