Коҳиши фақр дар Тоҷикистон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард,ки фақр дар ин ҷумҳури коҳиш ёфтааст.
Имомалӣ Раҳмон , раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт ; дар солҳои пас аз истиқлоли Тоҷикистон мизони фақр дар кишвар 27 дар сад коҳиш доштааст.
Ба нақл аз Авесто, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии солонаи худ дар парлумон аз коҳиши 2 то 3 дарсадии маргу мир ва афзоиши миёнгини мизони умед ба зиндагии шаҳрвандони ин кишвар ба 75 сол ҳам хабар дод.
Имомалӣ Раҳмон ҳол эълом кард ҷамъияти тоҷикистон ба 9 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст,ки ин омор дар бист соли гузашта рушди 70 дарсади доштааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханрониҳои худ ба шиддат аз фаъолияти Бонкҳо интиқод кард ва хитоб ба масулони ин ниҳодҳои молӣ гуфт ; дар дохили давлат давлати дигар насозед.
Ӯ аз таъсиси Бонки вижаи ҳимоят аз бахши хусусӣ дар Тоҷикистон хабар дод.