Декабр 26, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Шумораи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ 60 дарсад коҳиш ёфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, шумораи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар хориҷ аз ин кишвар 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон имрӯз гуфт: “Шумораи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қиёс бо соли 2010 60 дарсад коҳиш ёфтааст”. Эмомалӣ Раҳмон афзуд: “Шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафар ба соли 2010 рост меояд. Соли ҷорӣ ин рақам 486 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”. Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар коҳиши коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ин тамоюлро ба тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон ва афзоиши иштиғолзоӣ дар ин кишвар рабт дод.  Дар ин зимн вай афзуд, аз мизони феълии иштиғолзоӣ дар Тоҷикистон қонеъ нест ва ба ин далел дастур дод, то ҳар сол дар Тоҷикистон 100 ҳазор ҷойи кори ҷадид таъсис шавад то ба ин васила аз ҳиҷрати коргарони тоҷикистонӣ барои дарёфти ҷойи кор ба хориҷ аз ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.  Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон вазоратхонаҳои кор, омӯзиш ва парвариш, муассисаҳои омӯзишӣ, раисони вилоятҳо, шаҳр ва шаҳристонҳои ин кишварро дастур дод, ки аз афроди болои 18 сол мутахасисони ҳирфаӣ омода кунанд. Эмомалӣ Раҳмон тасреҳ кард, дар муддати 5 соли оянда набояд ҳеҷ як фарди болои 18 сол бидуни ҳирфаи мудерн бошад. Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон вазоратҳои ин кишварро дастур дод, барнома омӯзиши тахассуси ҳирфаӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистони барои солҳои 2020 то 2025-ро ироа диҳанд.

Ин барои аввалин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои коҳиши хурӯҷи нерӯи кории Тоҷикистон аз ин кишвар дастур медиҳад.

Паёми солонаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар охири ҳар сол ба парлумони Тоҷикистон ироа мешавад. Дар зимни ин паём раисҷумҳури Тоҷикистон аз як соли фаъолияти давлати ин кишвар ба маҷолиси миллӣ ва намояндагон гузориш медиҳад ва ҳамчунин барномаи соли ояндаи давлатро эълом мекунад.

 

Барчасп