Декабр 28, 2019 13:36 Asia/Dushanbe
  • Сохти 130 мактаб аз оғози имсол дар Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон 130 мадраса сохта шудааст.

Ба нақл аз Форс, бинобар оморҳои ниҳодҳои марбута ин кишвар, ин мактабҳо зарфияти 32  ҳазор донишомӯзро доранд.

Аз ин теъдод 32 мактаб бо зарфияти ҳудуди 10 ҳазор миз бо кумаки 122 миллион сомонии хайирон сохта шудааст.

Дар соли 2020 милодӣ сохти 181 мактаби дигар низ барои 54 ҳазор донишомӯз бо ҳазинаи 900 миллион сомонӣ барномарезӣ шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумони ин кишвар дар суханоне бар зарурати тавсиъа ва беҳбуди системаи омӯзишӣ ва сохти марказҳои омӯзишӣ дар ин кишвар таъкид кард. Вай ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханони худ пешниҳод кард,ки солҳои 2020 то 2040 милодӣ ба унвони 20 сол тавсиъаи омӯзиши улум ва муҳити зист эълом шавад.

Барчасп