Декабр 28, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тадвини барномаи дуввуми рушди маҳсулоти содиротии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат, Кумитаи давлатии гумрук, утоқи саноат ва бозаргонӣ ва Ожонси давлатии содироти Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки барномаи рушди маҳсулоти содиротии ин кишварро барои солҳои 2021 то 2024 ба ҳукумат ироа кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, ин идораҳо акнун бояд дуввумин барномаи мушобеҳро дар 5 соли ахир тадвин ва барои тасвиб ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Барномаи нахустини ҳукумати Тоҷикистон, ки ба манзури афзоиши содироти маҳсулоти тавлидии ин кишвар то соли 2015 тадвин шуда буд, бар замин монд.

Агар чи мақомоти Тоҷикистон мегуянд, ки иллати иҷро нашудани барномаи нахусти рушди маҳсулоти содиротии ин кишвар амал накардани шарикони хориҷии ин кишвар ба тааҳудоташон будааст, аммо иқтисоддонони тоҷик ба ин барнома бо дидаи шаку шубҳа ва тардид нигоҳ мекунанд.

Асоси маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба хориҷ аз ҷумла ришта пахта, алминиюм, конҳо ва филизҳои рангӣ ба шакли хом арза мешавад, ки ба зиёни иқтисоди ин кишвар аст.

Ҳамчунин дар солҳои ахир ҳатто содироти риштаи пахта, алминиюм,  маҳсулоти кишоварзӣ, абрешим ва анвои кансервҳо коҳиш ёфта ва дар 11 моҳи гузашта даромади Тоҷикистон аз маҳалли содироти як миллиарду 72 миллион доллар будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат, Тоҷикистон 2 миллиарду 998 миллион доллар коло ворид карда ва терази манфии тиҷорати хориҷии ин кишвар дар ин муддат ба се баробар ба нафъи воридот эълом шудааст.

 

Барчасп