Декабр 30, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • 5 намоянда аз Ҳизби сотсиалист демократ: дар сурати баргузории интихоботи шаффоф

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон муътақид аст дар сурати баргузории интихоботи шаффоф ва озоди парлумонӣ дар таърихи аввали моҳи марти соли 2020 ин ҳизб метавонад 5 нафар аз номзадҳои худро дар Маҷлиси нави қонунгузории ин кишвар бубинад.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Раҳматуллоҳ Зоиров бо ишора ба омодагии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои мушорикат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 гуфтааст ин имкон танҳо дар сурати баргузории интихоботи шаффоф ва озод фароҳам хоҳад шуд, ки дар шароити феълии ин кишвар умеде ба дастёбӣ ба ин ҳадаф вуҷуд надорад.

Дар Маҷлиси феълии қонунгузории Тоҷикистон 70 дарсади курсиҳо дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқи демократ мебошад ва намояндагони бақияи шаш ҳизб агар эътилоф ҳам кунанд наметавонанд бо Ҳизби ҳоким воридии рақобат шаванд. Аз ин ру иддаои вуҷуди низоми чандҳизбӣ дар Тоҷикистон аслан дуруст нест ва ба ғайр аз Ҳизби халқи демократ бақияи ҳизбҳо дар ҳошия қарор гирифтаанд.

Ҳизби халқи демократ дорои 500 ҳазор узв аст ва 150 ҳазор нафар аз кормандони давлат низ аъзои Ҳизби ҳоким ҳастанд, ки раёсати ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар дасти ин ашхос аст.

Аз дидгоҳи раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар ин кишвар мабнои қонунӣ ва ҳуқуқӣ танҳо барои фаолияти низоми такҳизбӣ фароҳам аст, ки Ҳизби ҳоким тамоми абзор ва қудратро дар даст дорад.