Декабр 31, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Бекории 260 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун

Аз оғози имсол то кунун 260 ҳазор нафар аз фаолони бахши хусусии Тоҷикистон бекор шуданд.

Ба нақл аз ТоҷВик, иқтисоддони мустақили тоҷик муътақид аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд дар соли нави 2020 барои ҳали мушкилоти асосии иқтисодии ин кишвар иқдом кунад.

Азиз Ҳайдаров гуфт, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон теъдоди  ашхосеро, ки ҳар сол вориди бозори кори кишвар мешаванд 40 то 50 ҳазор нафар эълом мекунад, аммо дар шаш моҳи нахусти имсол дар Тоҷикистон барои 14 ҳазору 500 нафар шуғл эҷод шудааст, ки аз ин теъдод фақат шуғли 3 ҳазору 500 нафар доимӣ буда ва бақия муваққатӣ аст.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин рушди солонаи иқтисоди ин кишварро 7 дарсад эълом карданд.

Иқтисоддони мустақили тоҷик ҳамчунин эълом кард, дар 11 моҳи гузашта арзиши содироти Тоҷикистон як миллиарду 72 миллион доллар будааст, ҳамчунин ин кишвар дар ин муддат 2 миллиарду 998 миллион доллар ҳам коло ворид кардааст.

Азиз Ҳайдаров таъкид кард, ки Тоҷикистон дар соли 2020 бояд барои ислоҳи ин вазъ иқдом кунад, то бар мушкилоти иқтисодии феълӣ афзуда нашавад.

 

Барчасп