Декабр 31, 2019 11:38 Asia/Dushanbe
  • Боздошти руҳонии зиддисалафии тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе

Руҳонии зиддисалафии тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Сомонаи Ахбор эълом кард, кормандони Вазорати кишвари Тоҷикистон Хайриддин Абдуллоҳ  руҳонии зиддисалафии тоҷикро  дар фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд.

Ин руҳонӣ, ки бо унвони мулло Хайриддин шинохта шудааст солҳои тулонӣ да Русия зиндагӣ мекунад ва фаолиятҳои иҷтимоӣ дар ҳавзаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дорад.

Хабари боздошти Хайриддин Абдуллоҳ дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми бозгашт аз Русияро Баҳром Ҳамроҳов яке мудофеони ҳуқуқи  муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Русия таид кард ва гуфт, ӯ субҳи 29 декабр боздошт ва ба бахши мубориза бо ҷурмҳои созмонёфтаи Вазорати кишвари Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамроҳов мақомоти тоҷик эълом карданд, ки ин руҳониро 30 декабр озод мекунанд, вале то кунун ӯ аз зиндон озод нашудааст.

Хайриддин Абдуллоҳ  қасд дошта, ки бо сипарӣ кардани таътилоти соли нав дар Тоҷикистон ба Русия баргардад.

Ӯ ки дар гузашта ба унвони масъули умури динии Ҷунбиши муҳоҷирони ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд бо сарпарастии Каромат Шарифов фаолият дошт бо ихроҷи Шарифов ба Тоҷикистон ба фолият дар Ҷунбиши муҳоҷирони Русия идома дод.

Мулло Хайриддин , ки бо мавзеъҳои зиддифирқаи салафия шуҳрат дорад чандин бор дар Русия мавриди сӯиқасд қарор гирифт.

Бисёре иллати аслии сӯиқасдҳо ба ҷони ин руҳонии тоҷикро мавзеъҳои зиддисалафии ӯ медонанд.

Барчасп