Декабр 31, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибдории 31 дарсади тоҷикон аз пайвастани кишварашон ба Иттиҳоди Авруосиё

31 дарсади мардуми Тоҷикистон аз пайвастани кишварашон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳимоят мекунанд.

Ба гузориши  “CA-News”,  назарсанҷии анҷомшуда дар Тоҷикистон дар давраи яксола, аз 12 декабри соли 2018 то 12 декабри соли 2019 нишон медиҳад, ки 31 дарсади посухдиҳандагон зимни тарафдорӣ аз пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодро танҳо роҳи хурӯҷи ин кишвар аз буҳрони иқтисодии феълӣ ва коҳиши вобастагии ин кишвар ба вомҳои давлати Чин медонанд. Бо ин ҳол 23 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки ин мавзӯъ барои онон ҳеҷ аҳамияте надорад ва 13 дарсад низ бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мухолифат кардаанд. Аз сӯйи дигар 12 дарсади посухдиҳандагон бо ибрози хушбинӣ нисбат ба пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё гуфтаанд, ки ин кишвар бидуни зиёни молӣ бо дигар аъзои ин ниҳоди ҳамгироии минтақаӣ вориди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ хоҳад шуд. 9 дарсад низ пешбинӣ кардаанд, ки ба далели тағйироти эҳтимолии қудрат дар Тоҷикистон ва самту сӯйи рушди иқтисодӣ ин кишвар вориди Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё нахоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия имтиёзотеро дар ҳавзаи масоили корӣ, иқомат, бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ ба ҳамроҳ хоҳад овард, дар миёни мақомоти ин кишвар дар иҷроӣ кардани ин тасмим тардидҳое вуҷуд дорад ва аз муддатҳо пеш гуфта мешавад, ки онон саргарми баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки якуми январи соли 2015 таъсис шуд, шомили кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистон аст. Эрон низ бо имзои санади мувофиқатномаи муваққати ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба таври муваққат ба ин иттиҳод минтақаӣ пайвастааст.

 

Барчасп