Январ 01, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби 10 дарсад аз сармояи бахши хусусӣ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон аз барномаи ҷазби 10 дарсад аз сармояи бахши хусусӣ дар тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2020 хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, дар соли 2020 ҳаҷми умумии тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон ба 9 миллиард доллар хоҳад расид, ки 10 дарсади он муодили 900 миллион доллар, сармояи бахши хусусӣ хоҳад буд.

Аммо дар сомонаҳои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат ва Вазорати молияи Тоҷикистон, дар бораи дархости фаъолони бахши хусусии ин кишвар барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои мухталиф ҳеҷ иттилое мушоҳида намешавад.

Аз ин рӯ, воқеӣ будани барномаи ҷазби 10 дарсад аз сармояи бахши хусусӣ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон, дар миёни коршиносон мӯҷиби шакку тардид шудааст.

 

 

Барчасп