Таъкиди муовини нахуствазири Тоҷикистон бар ташдиди назорат бар манъи воридоти равғани палма
Муовини нахухствазири Тоҷикистон бар зарурати ташдиди назорат бар мамнӯияти воридоти равғани палма таъкид кард.
Ба нақл аз Азия Плюс, Азим Иброҳим дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки бо вуҷуди мамнӯияти воридоти равғани палма ба ин кишвар, ки соли 2016 эъмол шудааст, ҳанӯз ҳам интиқоли қочоқии ин моддаи ғизоӣ идома дорад.
Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон ҳазорон тонна анвои маводи ғизоии ғайристандарт ва доруҳои таърихи масрафаш гузашта кашф ва мусодира шудааст.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон афзуд: Ҷилавгирӣ аз воридот ва интиқоли маводи ғизоии бекайфият ва ғайристандарт ба ин кишвар, мӯҷиби равнақи фаъолияти корхонаҳои дохилӣ мешавад.
Азим Иброҳим аз созмонҳои масъули давлатӣ дархост кардааст, ки бо қочоқ ва воридоти ғайриқонунии маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла равғани палма, лабаниёт, гӯшти мурғи ғайристандарт ва тухми мурғҳои таърихи масрафаш гузашта муқобила кунанд.