Январ 01, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ифтитоҳи хонаҳои тиҷорати Тоҷикистон ва Туркманистон

Масоили марбут ба тавсеаи иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ишқобод баррасӣ шуд.

Ба гузориши “Форс”, Фаррух Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо Орозмурот Қурбон Назаров, вазири тиҷорат ва иртибототи тиҷории ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодии 2 кишвар баррасӣ шуд.

Тарафайн бо ибрози ризоят аз сатҳи кунунии равобит миёни 2 кишвар, хостори тавсеаи он дар заминаҳои сармоягузорӣ, навоварӣ ва кишоварзӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили марбут ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷорати Тоҷикистон дар Ишқобод ва хонаи тиҷорати Туркманистон дар Душанбе баррасӣ шуд.

 

 

 

Барчасп