Рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49625-Рӯйдодҳои_муҳими_сиёсӣ_ва_иҷтимоии_Тоҷикистон_дар_соли_2020
Баргузории интихобот дар Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсии ин ҷумҳурӣ дар соли нав аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020

Баргузории интихобот дар Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсии ин ҷумҳурӣ дар соли нав аст.

Дар соли нави 20020 дар Тоҷикистон чандин рӯйдоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ баргузор хоҳад шуд,ки баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ, ҳамоишҳои байналмиллалӣ, оғози раёсати Тоҷикистон дар чанд Созмон ва сандуқи байналмиллалӣ ва маросими 5 ҳазору 500 соли қидмати таърихии сохти шаҳри бостонии Сарразм аз ҷумлаи ин барномаҳост.

Ба нақл аз Спутник, аз аввали моҳи январи соли 2020 Тоҷикистон раёсати давраии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва сандуқи наҷоти дарёчаи Аралро бар уҳда дорад.

 Дар рӯзи аввали моҳи марти соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи маҷлиси намояндагон ва маҷлиси миллӣ ҳамзамон бо интихоботи Шуроҳои вилоятӣ,шаҳрӣ ва маҳалии ин кишвар баргузор хоҳад шуд. Дар моҳи ноябри соли 2020 низ дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад.

 Дар таърихи 12 сентиябри имсол  маросими 5 ҳазору 500 сол қидмати таърихии сохти шаҳри бостонии Сарразм дар вилояти Суғд баргузор мешавад.

Дар моҳи октиябри имсол ҷамъияти, манзил ва маскан дар Тоҷикистон саршуморӣ мешавад.

Ҳамчунин ба муносибати интихоби шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО дар солҳои 2020 ва 2021 низ ҳамоише баргузор хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон то охирҳои соли 2020 барномаи рушди маҳсулоти содиротии ин кишварро барои солҳои 2021 то 2025 ироа хоҳад кард.

Аз аввалҳои моҳи сентиябри имсол ҳуқуқ ва дастмузд дар идораҳо ва Созмонҳои давлатӣ, бознишастагон ва донишҷуён 15 дар сад ва кормандони амниятӣ,интизомӣ ва низомӣ 10 дар сад афзоиш меёбад.