Таъсиси бонки нав дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 05 Jan 2020 04:40:00 GMT )
Январ 05, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси бонки нав дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз таъсиси бонке нав дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонки нав бар асоси тарҳи Муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Алифсармоя иҷозатномаи фаолият дарёфт кардааст.

Ин муассиса аз соли 2014 дар Тоҷикистон фаолият мекард ва акнун бо дарёфти иҷозатнома ба унвони бонк ба муштариён хадамоти бонкӣ ироа хоҳад кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бонки нави Алифбонк аз ҳаққи анҷоми муомилоти бонкӣ бо сомонӣ ва арзҳои хориҷӣ бархурдор хоҳад шуд.

Вай ба Абдуллоҳ Қурбонов раиси бонки нави Алифбонк дастур додааст, ки барои ифтитоҳи шуъбаҳои ин бонк дар тамомии минтақаҳои Тоҷикистон иқдом кунад.