Маҷруҳ шудани 10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Тюмени Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49758-Маҷруҳ_шудани_10_мусофири_тоҷик_дар_ҳодисаи_ронандагӣ_дар_вилояти_Тюмени_Русия
10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Тюмени Русия маҷруҳ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 07, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Маҷруҳ шудани 10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Тюмени Русия

10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Тюмени Русия маҷруҳ шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз маҷруҳ шудани 10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи бархурди автобуси ҳомили ин ашхос бо мошини боркаш дар вилояти Тюмен дар минтақаи Сибири ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 январи имсол рух дод, ки аз 35 мусофири ин автобус 33 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ба гуфтаи мақомоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин 10 шаҳрванди захмии тоҷик барои дармон ба бемористон мунтақил шуданд.

Ин автобус аз Тоҷикистон ба самти шаҳри Сургут дар вилояти Тиюман дар ҳоли ҳаракат буд.

Дар ин ҳодиса ронанда ва як сарнишини мошини боркаш ҷон бохтанд.

Полиси Русия ронандаи автобусро ба иллати риоят накардани қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ муқассир донист ва боздошт кард.