Боздошти 27 нафар дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвонулмуслимин
27 нафар дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвонулмуслимин боздош шуданд.
Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон эълом карданд, ин ашхос дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар амалиёти нерӯҳои полис дар рӯзҳои оғозини имсол ба иллати узвият дар гуруҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин боздошт шудаанд.
Бастагони ин ашхос гуфтанд, ки кормандони полис хонаҳои ононро бо ҳадафи пайдо кардани китобҳои мазҳабии мутааллиқ ба гуруҳи Ихвонулмуслимин бозрасӣ карданд.
Фаолияти гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи олии ин кишвар аз соли 2006 мамнуъ шуд, бо вуҷуди ин ки гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон фаолияти чандоне надорад дар моҳи майи соли 2016 дар ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд 5 нафар аз имомони масҷидҳои ин минтақа ба иллати узвият дар ин гуруҳ боздошт шуданд.
Додгоҳи вилояти Суғд ин ашхосро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин ва таблиғи ҷавонон барои мушорикат дар даргириҳои Сурия ба 5 соли зиндон маҳкум кард.