Тавлиди 37 миллиард киловат соат барқ дар сол аз рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон
(last modified Tue, 07 Jan 2020 05:12:25 GMT )
Январ 07, 2020 10:12 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 37 миллиард киловат соат барқ дар сол аз рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, метавонанд дар сол аз рӯдхонаи Вахш 37 миллиард киловат соат барқ тавлид кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар маҷрои ин рӯдхонаи куҳистонӣ 9 маҳали муносиб барои сохти нерӯгоҳҳои оби барқӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳоли ҳоизр 7 нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 5 ҳазор мегават барқ дар сол баҳраварӣ шудааст.

Дар ин миён нерӯгоҳи оби барқии Роғун, ки ду турбин аз шаш турбини он дар ду соли гузашта ба баҳрабардорӣ расидааст, ҳаштуним нерӯгоҳи сохташуда бар руи рӯдхонаи Вахш аст.

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегуянд бо такмили сохти нерӯгоҳи Роғун мизони тавлиди солонаи барқ дар 8 нерӯгоҳе, ки бар руи ин рӯдхона сохта шуда ба 8 ҳазору 375 мегават хоҳад расид.

Акнун Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармоя барои сохти нуҳумин нерӯгоҳи оби барқӣ бар руи рӯдхонаи Вахш мавсум ба Шуроб аст, ки 35 километр поинтар аз нерӯгоҳи Роғун қарор дорад.

Аммо мутахассисони барқи Тоҷикистон муътақиданд, ки сохти нерӯгоҳи оби барқии Шуроб фақат пас аз такмили сохти нерӯгоҳи Роғун имконпазир хоҳад буд.