Январ 08, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Раҳмон ба Рӯҳонӣ ба хотири ҷонбохтагон дар суқути ҳавопаймо

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши “Спутник”, дар паёми таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст: “Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати ҳавопаймоии Украина дар атрофи фурӯдгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфтааст: “Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Ҳасани Руҳонӣ ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон таслияти самимии хешро иброз медорам”.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский паёми таслият фиристода ва ҳамдардии худро ба давлат ва миллати ин кишвар иброз доштааст.

Як ҳавопаймои мусофирбарии “Boeing 737”-и мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо озими Киев, пойтахти Украина буда ва 176 мусофир ва хадама доштааст.

 

Барчасп