Январ 09, 2020 10:30 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси корхонаи тавлиди руғани мойеъ дар шаҳри Хуҷанд маркази устони Суғд

Ширкати узбакистонӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази устони Суғд корхонаи тавлиди руғани мойеъ таъсис мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, тавофуқномаи таъсиси ин ширкат дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода шаҳрдори Суғд ва Шуҳрат Тошов мудири ширкати мавсум ба рушди санойеъи кишоварзӣ имзо шуд.

Руғани офтобгардони тавлидшуда дар ин ширкати узбакистонӣ ба Афғонистон ва Қирғизистон ҳам содир мешавад.

 Ин дар ҳоле аст,ки дар моҳи сентиябри соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо як ширкати узбакистонӣ дар заминаи сохти корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ дар шаҳри Душанбе тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карда буд.

Бо беҳбуди робитаҳои Тоҷикистон ва Узбакистон аз соли 2018 ва бозкушоии 17 гузаргоҳи марзӣ, ва одди шудани рафтуомади атбоъ, лағви низоми раводиди сафар, акнун робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин ду кишвар дар ҳоли тавсиааст.

Ҳамчунин ахиран мақмомоти Узбакистон аз поксозии комили марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аз минаҳои коргузошташуда дар соли 2000 хабар доданд,ки бар асари бархурд бо ин минаҳо садҳо нафар аз атбои Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуданд.