Баррасии авзои минтақа ва Афғонистон меҳвари гуфтугуҳои мақомоти Амрико ва Тоҷикистон
Январ 09, 2020 14:01 Asia/Dushanbe
Муовини аввали вазири хориҷаи Амрико бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.
Ба нақл аз Форс, Элис Уеллс муовини аввали дастёри умури хориҷаи Амрико вориди Тоҷикистон шуд бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.
Дар ин дидор вазияти феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мухталифи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ ва пиромуни масоили муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар шуд.
Зимни баррасии мавзуи амнияти минтақаӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистон тарафайн бар масоили тавқияти муҳофизат аз марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, талошҳои пайваста дар заминаи муборизаи муштарак бо хатар ва таҳдидҳои муосир, ба вижа терорризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухадир таъкид карданд.