Баррасии авзои минтақа ва Афғонистон меҳвари гуфтугуҳои мақомоти Амрико ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49840-Баррасии_авзои_минтақа_ва_Афғонистон_меҳвари_гуфтугуҳои_мақомоти_Амрико_ва_Тоҷикистон
Муовини аввали вазири хориҷаи Амрико бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2020 10:31 Asia/Dushanbe
  • Баррасии авзои минтақа ва Афғонистон меҳвари гуфтугуҳои мақомоти Амрико ва Тоҷикистон

Муовини аввали вазири хориҷаи Амрико бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.

Ба нақл аз Форс, Элис Уеллс муовини аввали дастёри умури хориҷаи Амрико вориди Тоҷикистон шуд бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор вазияти феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мухталифи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ ва пиромуни масоили муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар шуд.

Зимни баррасии мавзуи амнияти минтақаӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистон тарафайн бар масоили тавқияти муҳофизат аз марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, талошҳои пайваста дар заминаи муборизаи муштарак бо хатар ва таҳдидҳои муосир, ба вижа терорризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухадир таъкид карданд.