Январ 10, 2020 20:50 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Қирғизистон ва Тоҷикистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти марзҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Чингиз Айдарбеков, ҳамтои қирғизистониаш аз даргирии муҷаддад дар марзҳои ду кишвар ибрози нигаронӣ ва бар ҳалли сареи мушкилоти марзӣ таъкид карданд.

Шаби гузашта дар рустоҳои қирғизии мавсум ба Уртаблоқ ва Куктош, воқеъ дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии марзӣ рух дод.

Дар ин рӯйдоди марзӣ низ ду тараф якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам кардаанд.

Марзи давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр тӯл дорад ва 519 километр аз он ҳамчунон мавриди ихтилоф аст.

Афзун бар таъйин нашудани дақиқи хутути марзӣ, мушкилоти муртабит бо истифода аз обу роҳу чарогоҳ ва қочоқи густурдаи сӯхт дар ин минтақа низ даргириҳоеро дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуҷуд меоварад.

 

Барчасп