Январ 11, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати эҷоди ихтилофҳои марзии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

Мақомҳои ҳукумати Тоҷикистон муътақиданд,ки Қирғизистон барномаи рехташудаи сиёсати эҷоди ихтилоф дар марзи муштараки ду кишварро иҷро мекунад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, як манбаи ҳукуматӣ дар Душанбе ,ки нахоста номаш фош шавад бо ишора ба танишҳои ахир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт,ки иқдомҳои таҳрикомези қирғизӣ муҷиби эҷоди ин ноамниҳо аст.

Дар шаҳрдории Исфараи Тоҷикистон ҳатто номи Мирбек Султонбеков, фармондеҳи посгоҳи марзӣ дар рӯстои Куктоши Қирғизистонро ба унвони омили аслии оғози танишҳо миёни сокинони рӯстоҳои марзии   ноҳияҳои Исфара ва Ботканд муарифӣ карданд.

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ тарафи Қирғизистонро ба талош барои бурузи ихтилофоти  шадидтар миёни сокинони рӯстоҳои марзии ду кишвар мутаҳам мекунанд.

Аз нигоҳи ин ниҳоди амниятии Тоҷикистон, ахиран сокинони рӯстоҳои қирғизӣ бо истифода аз туфанги шикорӣ ба суи атбои Тоҷикистон тирандозӣ мекунанд,ки бар асари тирандозӣ Тайиба Сафароваи 24 сола сокини яке аз рӯстоҳои тоҷик захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Ҳамчунин қирғизҳо дар чанд рӯзи гузашта ба худрави шахсии Фарҳод Икромзода, корманди идораи пулиси ноҳияи Исфара шилик карданд,ки ба вай осебе нарасид.

Бар асоси оморҳои расмии соли гузаштаи милодӣ, 14 бор байни сокинони рӯстоҳои ду кишвар дар марзи муштараки ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон тирандозӣ шуд,ки 6 тоҷик ва 1 қирғиз бар асари бархӯрди гулула кушта ва 60 нафар низ захмӣ шуданд.

Аломатгузорӣ нашудани хати марзии муштарак дар ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон, сабаб шуда сокинони ду кишвар ба иллати мушахас набудани мизони саҳмияи об ва чигунагии истифода аз роҳҳои иртиботӣ, дучори ихтилофҳо ва даргириҳои шадид шаванд.

Барчасп