Январ 11, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Мусалаҳ шудани мардум барои муқобила бо гургҳо дар устони Бадахшон

Мақомҳои устони кӯҳистонӣ дар Бадахшони Тоҷикистон барои муқобила бо ҳамлаи гургҳо, мардумро мусалаҳ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷикта, бо ҳадафи ҳифозати мардум ва домҳои онон дар баробари ҳамлаи гургҳо дар устони кӯҳистонии Бадахшон ситоди вижаи амалиётӣ ташкил шуд.

Ҳамчунин дар рӯстоҳое,ки шикорчиёни ҳирфаӣ зиндагӣ намекунанд устондории нерӯҳои амниятӣ ва пулис эъзом кард.

Илова бар тавзеи туфангҳои шикорӣ ва муҳимот ба шикорчиёни маҳаллӣ дар теъдоде аз рӯстоҳои ин минтақа гургҳоро бо таллаҳои вижа ба дом меандозанд.

Мақомоти ҳукуматӣ эълом карданд ,ки ба шикорчиён барои куштан ва ё ба дом андохтани гургҳо ҷоизаҳои нақдӣ пардохт мешавад.

Гуфта мешавад шикорчиён то кунун 28 гургро дар устони Бадахшон куштанд.

Бо фарорасидани фасли замистон ба иллати камёбшудани ғазо, гургҳои гурусна бо вуруд ба рӯстоҳои кӯҳистонӣ ба мардум ва домҳои онон ҳамла мекунанд ва ин дар ҳоле аст,ки силоҳҳои шикории мардуми ин минтақа др соли 2012 ба хатари даргириҳои мусалаҳона дар устони Бадахшон мусодира шуд.

Як моҳ пеш нерӯҳои вижаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мавсум ба АЛФА барои муқобила бо ҳамлаи гургҳо ба мардуми минтақаи Бадахшон ба теъдоде аз рӯстоҳои се ноҳияи ин устон эъзом шуданд.

Барчасп