Январ 11, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ифротгарӣ алайҳи руҳонии зидди салафии тоҷикистонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон, Хариддин Абдуллоҳ руҳонии тоҷики муқими Маскав, ки ба мавзеъгириҳояш алайҳи гуруҳҳои салафӣ ва ДИИШ машҳур будро ба иттиҳоми ифротгарӣ муҳокима мекунад.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон таъид кардаанд, ки алайҳи ин руҳонии 35 сола ба иттиҳоми мушорикат дар фаолияти гуруҳҳои ифротӣ парвандаи  ҷиноӣ ташкил додаанд.

Хайриддин Абдуллоҳ, ки пеш аз ин ба осонӣ аз Русия ба кишвараш сафар мекард, 29 декабри соли 2019 ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон боздошт шуд.

Ҳамсари ин руҳонии тоҷик гуфтааст, ки шавҳараш солҳои зиёде дар Русия алайҳи гуруҳҳои ДИИШ ва Салафия фаолияти таблиғотӣ карда ва муттаҳам кардани ӯ ба ифротгарӣ хилофи ҳақиқат аст.

Ба гуфтаи ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ ӯ ба хотири мавзеъҳояш алайҳи гуруҳҳои ифротӣ се бор дар Маскав ҳадафи сӯи қасд қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки шуморе аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо тарҳи ин иддао, ки Хайриддин Абдуллоҳ аз онон барои фаолиятҳои ифротгарӣ даъват кардааст аз ин руҳонии тоҷик шикоят кардаанд.

Созмони ғайридавлатии Анҷумани муҳоҷирони Осиёи  Марказӣ дар Русия ҳам эълом кардааст, ки ба нишони эътироз ба боздошти Хайриддин Абдуллоҳ дар Тоҷикистон тазоҳуротеро дар Маскав баргузор хоҳад кард.

Барчасп