Зарфияти тавлиди беш аз 3 миллиард киловат соат барқ дар рӯдхонаи Зарафшон
Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз имкони тавлиди солона 3 миллиарду 400 киловат соат барқ дар сурати сохти нерӯгоҳҳои оби барқӣ рӯи рӯдхонаи Зарафшон дар вилояти Суғд хабар додаанд.
Ба нақл аз сомонаи Авесто, коршиносони умури энержии Тоҷикистон мегуянд, ки дар маҷрои рӯдхонаи Зарафшон 13 макони муносиб барои сохти нерӯгоҳҳои обӣ барқӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати сохти нерӯгоҳҳо заминаи тавлиди даҳу ним миллиард киловат соат барқ дар солро фароҳам месозад.
Дар даврони Шуравӣ тарҳи сохти 11 нерӯгоҳи обӣ барқӣ рӯи рӯдхонаи Зарафшон таҳия шуда буд, ки ба далелҳои мухталиф ба марҳилаи иҷро нарасид.
Акнун Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон бо баррасии дубораи ин тарҳ ба теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки дар сохти нерӯгоҳҳои обӣ барқӣ рӯи рӯдхонаи Зарафшон мушорикат кунанд. Қаблан аз эҳтимоли мушорикати Узбакистон барои сохти нерӯгоҳи обӣ барқии Ёвон рӯи рӯдхонаи Зарафшон ахборе мунташир шуда буд.
Тавофуқи сохти ин нерӯгоҳ дар дидори Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев ҳамтои узбакистонии вай дар моҳи августи соли 2018 дар Тошканд ба даст омадааст.
Гуфта мешавад тарҳи сохти ду нерӯгоҳи обӣ барқӣ ҳар як бо зарфияти тавлиди 320 ва 160 мегават барқ дар сол рӯи ин рӯдхона дар ҳоли баррасӣ аст.