Январ 13, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Малайзия

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия бо вазири умури хориҷа ва вазири иқтисоди ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия бо Сайфуддин ибни Абдуллоҳ, вазири умури хориҷа ва Саримуҳаммад Азималӣ, вазири иқтисоди ин кишвар мулоқот кард.

Ба гузориши Форс, сафири Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Малайзия дар ин дидор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои тавсиа ва таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву омӯзишӣ, инчунин омодагӣ ба сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия табодули назар намуданд.

Дар поёни мулоқот даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Малайзия ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мегардад, тақдим гардид.

Қодирӣ ҳамчунин бо Саримуҳаммад Азималӣ, вазири масоили иқтисодии Малайзия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар ва роҳҳои иҷрои муассири он, баррасӣ шуд.

Ҳар ду тараф бо баёни инки тавонмандии санъатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва Малайзия имкони афзоиши мизони мубодилаи тиҷорӣ ва тақвияти равобити иқтисодӣ миёни ду кишварро фароҳам мекунад, бар зарурати анҷоми иқдомоти лозим барои иҷрои он таъкид карданд.