Дидгоҳи Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар аз идомаи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2019 ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба нақл аз сомонаи Спутник , дар гузориши ин Созмон дар бораи риояти ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон таъкид шудааст,ки 2019 таъқиб ва фишор бар афроди мунтақиди сиёсатҳо ба ҳукумати Тоҷикистон идома дошт.
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар муътақид аст ,ки дар соли 2019 ҳатто теъдоде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели доштани дидгоҳи интиқодӣ аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2019 теъдоде аз Созмонҳои ғайридавлатӣ ва фаолони ҷомиаи маданиро ҳам таҳдид карданд.
Ҳамчунин, тарсондан, таҳдид ва эъмоли фишор ба хонаводаҳои мухолифони давлати Тоҷикистон ,ки дар хориҷ ҳастанд ба шиддат афзоиш ёфтааст, аз суи дигар дархостҳо аз пулиси байналмиллалӣ барои истирдоди мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба кишварашон бештар шудааст.