Таҳвили таҷҳизоти амрикоии амалиёт дар шароити кӯҳистонӣ ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 Jan 2020 06:29:17 GMT )
Январ 16, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти амрикоии амалиёт дар шароити кӯҳистонӣ ба Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз таҳвили васоили нақлия барои анҷоми амалиёт дар шароити кӯҳистонӣ ба Вазорати дифои ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс , васоили нақлияи мазкур дар барномаи таъмини молии артиши хориҷӣ ба маблағи 575 ҳазор доллар дар ихтиёри тарафи тоҷикӣ гузошта шудааст ва ба нерӯҳои вокуниши сарии вобаста ба Вазорати дифои Тоҷикистон имкони анҷоми амалиёт дар шароити душвори кӯҳистониро фароҳам мекунад.

Дар ин гузориш омадааст ; ин талошҳо ба нақши мусбати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳ ва рифоҳи дарозмуддат дар Афғонистон аз тариқи пуштибонии сиёсӣ, иртибототи иқтисодӣ ва мубориза бо терорризм кумак мекунад.

Кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст ,ки ин кишвар худ яке аз ҳомиёни гурӯҳҳои терорристӣ дар минтақа ва ба хусус Афғонистон аст, ҳимоят аз гурӯҳҳои мухталифи терорристӣ дар Сурия, Ироқ ва интиқоли онҳо ба Афғонистон ва шимоли ин кишвар низ аз барномаҳои Вашингтон барои таҳти фишор қарор додани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст.

Амрико аз ҳар абзоре барои фишор бар кишварҳои минтақа истифода мекунад аммо дар зоҳир, худро мухолифи гурӯҳҳои терорристӣ унвон мекунад, ки ин иқдом бисёр мазҳака ва фиребанда аст.