Январ 16, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳудуди 1 миллион гардишгар, соли гузашта аз устони Суғд

Ҳудуди 1 миллион гардишгари хориҷӣ, соли гузашта аз устони Суғд боздид карданд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии шаҳрдори Суғд, вуруди ин теъдод атбои хориҷӣ ба шимоли Тоҷикистон дар соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 рушди 7 дарсадӣ доштааст.

 Ин мақомот далели афзоиши сафари атбои хориҷӣ ба устони Суғдро иҷроӣ кардани барномаи давлатӣ тавсиаи рӯстоҳо, гардишгарӣ ва санойеъи дастӣ эълом мекунанд,ки ҳукумати Тоҷикистон барои солҳои 2019 то 2021 тасвиб кардааст.

Бо ин ҳадаф 40 ширкат хадамоти гардишгарӣ дар устони Суғд фаолият мекунанд.

 Дар устони Суғд 86 ҳутел , меҳмонпазир ва 46 музей фаолият мекунанд,ҳамчунин ин устон ҳазору 90 асари таърихӣ дорад.

Яке аз маконҳои ҷазоб барои гардишгарони хориҷии устони Суғд шаҳри бостонии Сарразм мебошад ,ки дар феҳристи ҷаҳон ё осори таърихӣ сабт шудааст.